,
Сешанбе, 11-ноябр
Имрӯз, ки дар даврони истиқлолияти миллӣ тарбияи насли донишманду ватандӯст дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад, маҳфилҳои илмӣ-назариявӣ ба ҳайси мактабҳои афкор ва арсаи парвариши шахсият нақши калидӣ доранд. Яке аз чунин маҳфилҳои арзишманд, маҳфили “Минбари ҳуқуқшинос”-и факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯз 11 ноябри соли 2025 маҳфили навбатиро бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор намуд.
Маҳфилро роҳбари он, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Эмомов Сулаймон оғоз намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва рушди ҷаҳонбинии касбии онҳо андеша баён кард.
Дар идома, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Назаров Бахтиёр низ баромад намуда, нақши дониш ва масъулияти шаҳрвандиро дар замони муосир таъкид доштанд.
Дар идома Абдураҳмонова Нозанин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси Идораи давлат ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва парлумон” баромад намуда, ба таҳлили назариявию амалӣ ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар ин замина рӯ овард. Инчунин Темурова Фарзона, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси Муносибатҳои байналмилалӣ, дар мавзуи “Равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва марҳилаҳои он” ибрози андеша намуда, ба масоили ташаккули қонунгузорӣ ва зарурати такмили он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Фаъолияти аъзои маҳфил бо баҳсу мубодилаи афкор ранги тоза гирифт. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, то дар асоси дониш ва ҷаҳонбинии худ масъалаҳои матраҳшударо баррасӣ намуда, хулосаи шахсии худро изҳор намояд.
Тавре ки аз суханони устодон ва маърӯзаҳои донишҷӯён бармеомад, маҳфилҳои фаннӣ на танҳо воситаи таҳкими донишанд, балки мактаби ташаккули шахсияти созанда, ватандӯст ва қонунманд ба ҳисоб мераванд.