,
Сешанбе, 14-октябр
Ва ё дарс-лексияи профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, ҳамчунин бо дарназардошти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 80-солагии таъсиси ин боргоҳи илму маърифа дар муассиса тадбири муҳимми илмӣ-таълимӣ бо иштироки мутахассиси варзида, зиёии хирадафрӯз, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо баргузор гардид.
Ин иқдом бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои байнимуассисавӣ, ҳамзамон баланд бардоштани савияи тахассуси устодон, муҳаққиқон, докторантони PhD ва магистрантон дарс-лексия бо иштироки доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирализода Абдусалом Мустафо дар мавзуи «Педагогикаи муосир ва масъалаҳои асосии таҳқиқоти он» доир шуд.
Профессор Мирализода А.М. дар ҷараёни суханронӣ ба самтҳои афзалиятноки рушди илми педагогика, зарурати таҳқиқоти илми замонавӣ дар раванди таълиму тарбия, роҳҳои татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва масъулияти илмии омӯзгорон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Профессор бар он таъкид намуд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати ҷомеаи муосир, рушди технология ва ҷаҳонишавии таҳсилот, омӯзгор ва муҳаққиқ бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, малакаи таҳлили илмӣ ва қобилияти истифодаи равишҳои муосири таълимӣ бошад.
Иштироки фаъолонаи магистрантон ва докторантони PhD дар раванди муҳокима, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор аз нишонаҳои болоравии сатҳи маърифат ва завқи илмии насли ҷавон гувоҳӣ медод. Ҳамзамон, иштирокчиён баргузории чунин машғулиятҳоро омили муҳимми рушди худшиносӣ, густариши ҷаҳонбинии касбӣ ва таҳкими асосҳои таҳқиқоти мустақилона арзёбӣ намуданд.
Тадбири мазкур як бахши муҳимми ибтикороти раёсати донишгоҳ дар роҳи ҷалби донишмандони сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад. Он инчунин ҳамчун намунаи арзишманди ҳамгироии илм ва амалия, мусоидат ба рушди неруи зеҳнии устодону муҳаққиқон ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумот баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар минбаъд низ идома ёфта, барои таҳкими пайвандҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди иқтидори зеҳнии муҳассилин хидмат хоҳад кард.