,
Душанбе, 06-октябр
Дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ба ифтихори солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ курси ройгони омӯзиши компютер барои донишҷӯён ба фаъолият оғоз кард.
Курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои компютерӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва тақвияти неруи зеҳнии донишҷӯён дар самти истифодаи технологияҳои муосир амалӣ гардида истодааст.
Зимни ифтитоҳи расмии курс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон ва сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа иштирок намуданд.
Дотсент Камолзода Шодмон зимни сухани ифтитоҳӣиброз дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаи такмили дониши рақамии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни имрӯза бояд барои талаботи бозори меҳнат омода бошанд ва донистани барномаҳои компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва малакаҳои рақамӣ аз шартҳои асосии муваффақият дар замони нав мебошад.
Сипас, Амиров Файзуллохуҷа, сардори марказ оид ба аҳамияти амалии курс ва нақшаи баргузории машғулиятҳо сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом ба донишҷӯён имконият медиҳад, то донишҳои назариявии худро бо малакаҳои амалӣ пурра карда, дар оянда ҳамчун мутахассисони рақамӣ саҳми арзанда гузоранд.
Курси мазкур бо фарогирии 30 нафар донишҷӯён дар ду баст ба роҳ монда шуда, дар як ҳафта се маротиба баргузор мегардад. Дарсҳо аз ҷониби муаллимони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ гузаронида мешаванд.