, Ҷумъа, 30-май

ОҒОЗИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДИИ ДОНИШГОҲ

 27.05.2025 14

ОҒОЗИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДИИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 27 май дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донишҷӯёни курси дуюм ба таҷрибаомӯзии таълимӣ дар назди кафедраҳои тахассусӣ сафарбар гардиданд.

Дар чорабинӣ декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ширкат варзида, оид ба аҳамияти таҷрибаомӯзӣ дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки таҷрибаомӯзии таълимӣ як марҳалаи муҳими омодагии амалии донишҷӯён буда, онҳо дар ин муддат бо кори кафедраҳои тахассусӣ, усулҳои таҳияи маводи таълимӣ, таҳлил ва арзёбии фаъолияти таълимӣ шинос мешаванд.

Сардори бахши таҷрибаомӯзии факултет ба донишҷӯён фаҳмонид, ки таҷрибаомӯзӣ дар муҳлати муайян ҷараён гирифта, дар он ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки рӯзномаи таҷрибаро бо масъулият пур намуда, дар анҷомдиҳии супоришҳои илмӣ ва таълимии кафедраҳо фаъолона ширкат варзад.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки ин фурсат ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар оянда дар муҳити касбӣ бо донишу маҳорату малакаи хуб ворид шаванд.




Ба рӯйхат