, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОН

Санаи 01.05.2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Файзов Рамазон, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Сайдалиев Рустам, роҳбари маҳфили мазкур Лалбеков Собирҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил Лалбеков Собирҷон маҳфилро оғоз намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, Абдуллоев Парвиз, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи "Энеолит ва асри биринҷ дар минтақаҳои Осиёи миёна", Нусратуллозода Масабур, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи "Бобулистони Қадим" маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_oo4srlrh7l2mfd5890oi8a84d3 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_oo4srlrh7l2mfd5890oi8a84d3): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_vb101ftiet6vs3r34vajjat7cs in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_vb101ftiet6vs3r34vajjat7cs): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274