, Шанбе, 26-апрел

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 21.04.2025 30

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 21.04.2025 дар кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар семинар номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаева Марҳабо дар мавзуи “Танзими реклама ва ташфиқи пешазинтихоботӣ дар ВАО”, магистранти соли 1-уми факултет Достиева Солиҳамо дар мавзуи “Ҷанбаҳои публитсистӣ-бадеии маводи марбут ба инъикоси фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ” маърӯза намуданд.

Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуъҳои матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд.




Ба рӯйхат