,
Панҷшанбе, 05-декабр
Ҳамасола пас аз ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд. Дар робита ба ин масъала санаи 5-уми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Шарифҷон доир гардид.
Дар вохӯрӣ мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён суханронӣ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро шодбош гуфтанд.
Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода роҷеъ ба Паёми Пешвои муаззами миллат амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар ва дигар паҳлуҳои Паём суханронӣ намуданд. Ҳамзамон эшон қайд карданд: “Айни замон, ҷаҳон дар ростои шадидтарин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият кишваре метавонад, аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад. Имрӯзҳо, ки оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои кишвари озоди мо танинандоз аст, бояд ҳар сокини мамлакат ба қадри ин неъмат бирасанд ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намоянд”.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои манфиатҷӯйи давлатҳои абарқудрат бо истифода аз номи дини мубини Ислом ва эътиқоду имони мардумӣ мусалмононҳоро барои пиёда кардани манфиатҳои геополитикии худ истифода намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҷалб менамоянд, ки оқибат онҳо даст ба задухӯрдҳои мусаллаҳона мезананд ва ба ин васила оромии кишварҳои ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар натиҷа шаҳру деҳоти зиёд харобу валангор гардида, мардуми зиёд имрӯз овораву саргардонанд. Ҳадафи ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ на ҳимояи ислому мусалмонон, балки сарнагунсозии арзишҳои олии исломӣ ва фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ мебошад.