,
Шанбе, 22-Феврал
20 феврали соли 2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Риёзидон” назди кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, муаллими калони кафедра Давлатов Тулқун, роҳбари маҳфил Мавлонов Сулаймон ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра Акбарова Маҳрамбӣ оғоз гардид. Зимни суханронии худ ӯ муҳимияти маҳфилро дар рушди тафаккури математикӣ ва таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён таъкид намуд.
Дар идома Гадоева Сафаргул, донишҷӯи курси панҷуми факултет, дар мавзуи “Таркиби хок ва намудҳои он" ва Каримов Идибек, донишҷӯи курси дуюми факултет, дар мавзуи “Нақши тарбиявии масъалаҳои матнӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Маърӯзачиён иброз доштанд, ки омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ ва риёзӣ на танҳо барои ихтисосҳои марбута муҳим мебошад, балки дар ташаккули тафаккури мантиқӣ ва илмӣ низ нақши калидӣ дорад.
Дар охир, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти маҳфил иброз гардиданд.