, Чоршанбе, 04-декабр

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАГОНИ ШӮРОИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

 16.12.2022 251

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАГОНИ ШӮРОИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

Дар таърихи 22-юми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Шӯрои васоити ахбори омма бо донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ оид ба “Бозбинӣ аз Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурӣ Ҳуриннисо Ализода, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим, котиби генералии Шӯрои ВАО Ализода Муҳаммадризо, доктори илмҳои филологӣ, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Мухторӣ, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири кафедраи журналистикаи донишгоҳ, Алишери Абдулмаҷид ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ  иштирок доштанд.

Сараввал дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайру мақдам гуфтан.

Сипас муаллима Ҳуриннисо Ализода оид ба меъёрҳои ахлоқии журналист расо 2 соат суханронӣ намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён ҷавоб доданд.

Ҳамзамон профессор Ҷовид Муқим оид ба соҳаи журналистика ва фаъолияти журналистӣ қайдҳо намуда, ба саволҳои додаи донишҷӯён ҷавобҳои мушахас баргардониданд.

Дар охир аҳли нишаст сипосгузории хешро ба устодон барои як сӯҳбати озоду самимӣ расониданд!




Ба рӯйхат