, Чоршанбе, 05-Феврал

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024

 03.02.2025 31

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024

3-юми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2024 бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ҳайати раёсат, деканони факултетҳо, роҳбарони марказу шуъбаҳои Донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро бинобар зарурати истеҳсолӣ (дар сафари хизматӣ қарор доштани ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек) муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ пеш бурда, маълумоти муфассалро бо таҳлили амиқи самтҳои фаъолияти муассиса дар соли 2024, аз ҷумла дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ тариқи рӯнамо (презентатсия) ва омори дақиқу саҳеҳ пешниҳоди намояндагони ВАО намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, аз ҷумла бо назардошти таҳлилу масъалагузориҳояшон дар мулоқотҳои таърихӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.2024), бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024), ҷиҳати тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ бобати риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, посдории  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои судманду бороварро роҳандозӣ намудааст.

Дар ин давра бобати татбиқи Стратегияи рушди Донишгоҳ, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотии ҳукуматӣ корҳои мартуб ба бунёди бинои наву замонавии таълимӣ дар шафати чапи бинои маъмурии муассиса, ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардида, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар он бомаром идома дорад.

Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар факултети филологияи хориҷӣ синфхонаи лингафонии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ифтитоҳ гардид, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯёну муҳаққиқон имконоти васеи омӯзиши забони англисиро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети физика ва математика озмоишгоҳи “Барқ” ба номи Академик Каримов Самариддин Каримович ва китобхонаву синфхонаи электронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ихтисоси нави ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти мамлакат (12 ихтисос дар таълими рӯзона ва 3 ихтисос дар зинаи магистратура) дар заминаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии донишгоҳ ворид гардид, ки шуруъ аз соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи ихтисосҳои мазкур гурӯҳҳои академӣ таъсис дода мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ устоди факултети физика ва математика,  дотсент-Ғафоров Сатор, ба гирифтани НАХУСТПАТЕНТ (№TJ 1552, 8.11.2024) бо ихтироъ “Барои чен кардани параметрҳои электрофизикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ дар  ҳарорати миёна” дар соҳаи физика шарафёб гардид.

Дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм барои иштироки фаъолона миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.

Дар ин давра заҳмат ва талошҳои коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар роҳи омоданамоии донишҷӯён барои иштирок дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи нек ба бор оварда, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муаррифгари шоистаи Донишгоҳ гардиданд.

Дастовардҳои муҳассили Донишгоҳ аз озмуни пуршукӯҳи «Илм-фурӯғи маърифат» низ нишотовар буда, дастаи олимпии Донишгоҳ  бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм дар номинатсияи “География”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ”, як ҷой аз номинатсияи “Химия”) ва 1 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро афзуданд.

Хурсандиовар аст, ки зимни натиҷагирии озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат" Расулзода Абдулбосит-донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардид.

Ҳамчунин дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" Назриев Суннатулло - корманди ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар номинатсияи “Навозандагӣ” ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардид.

pҲамасола корҳои пажуҳишии беҳтарини донишҷӯёни самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” пешниҳод карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмун пешниҳод гардид, ки аз инҳо 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд

Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ мутахассиси раёсати тарбияи Донишгоҳ - Сайёра Қурбонова дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “ТАРАННУМИ ВАТАН”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардида буд, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

Дар соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Инчунин, санаи ҳимояи 6 нафар унвонҷӯён маълум гардидааст, ки аз инҳо 1 нафарашон рисолаи докторӣ мебошад ва 34 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро таҳия намуда, барои пешниҳод ба Шуроҳои диссертатсионӣ омодагӣ мегиранд.

Сомонаи расмии муассиса (www.new.kgu.tj) санаи 11.03.2024 дар шаҳри Бохтар зимни натиҷагирии озмуни вилоятии “Неруи сухан”, бо назардошти фаъолияти муназзами корӣ дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетӣ” ғолиби ҷойи аввал ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дониста шуда, ба дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ зафарёб гардид.

Омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он- Файзиев Пулодҷон, дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба самбо миёни устодону собиқадорон дар миёни 400 варзишгар аз 15 давлат фаъолона ширкат варзида, дар вазни 71кг ба гирифтани ҷойи сеюм зафарёб гардида, бо диплом ва медали биринҷии чемпионат сарфароз гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни Донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуривӣ ва шаҳрию донишгоҳӣ ширкат варзида ,сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин давра донишҷӯёни мо ба гирифтани 65 медал: 20 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ, 60 ифтихорнома, 13 нафар номзад ба варзиш ва 7 нафар устоди варзишро сазовор гардиданд.

Дар ин баробар, дастаи футболбозони донишҷӯёни Донишгоҳ  дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Узбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Алҳол Донишгоҳ бо зиёда аз 106 муассисаи ватаниву хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Рӯзи 16 декабри  соли 2024 зимни баргузории ҳамоиши Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯнамои барномаҳои Эрасмус+: имкониятҳо ва имтиёзҳо”, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои грантии  Эрасмус+ дар миёни 48 МТОК-и ҷумҳурӣ, соҳиби Ҷоиза ва сертификати Иттиҳоди Аврупо дониста шуд.

Фаъолияти пурмаҳсули коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ дар асос ва заминаи татбиқи «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2023-2028» ба роҳ монда шуда, бандҳои ҷудогонаи он мавриди иҷрову амал қарор доранд. Ба боварии комил метавон гуфт, ки якҷо бо коллективи азизу муътабари Донишгоҳ дар рушд ва пешрафти ояндаи ин даргоҳи муқаддас корҳои созандаву чашмгир сомон хоҳад ёфт.

Дар қисмати суолу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти Донишгоҳ суолҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби раёсат ба онҳо посухҳои муфассал манзур шуд.  

Дар охир муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ба намояндагони ВАО  ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва инъикоси шоистаи набзи ҳаёти донишгоҳ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умед карда шуд, ки аҳли қалам минбаъд низ бо мунъакис намудани равандҳои фаъолият ва дастоварду музаффариятҳо ҷиҳати рушди муассиса саҳми муносибу арзанда мегузоранд.

Маркази матбуот




Ба рӯйхат