, Шанбе, 21-декабр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: МЕТОДҲОИ ТАРБИЯ ВА ТАСНИФОТИ ОНҲО

 19.12.2024 25

ДАРСИ НАМУНАВӢ: МЕТОДҲОИ ТАРБИЯ ВА ТАСНИФОТИ ОНҲО

Санаи 19.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ- Бобоева Маҳбуба, дар мавзуи “Методҳои тарбия ва таснифоти онҳо” дар гурӯҳҳои таълимии 203-204 и ихтисоси математикаи амалии факултети физика ва математика баргузор гардид.

Дар дарс мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотамшо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Лоиқов Парвиз, муаллими калони кафедра Абдуллоҷони Ҳамрохон ва дигар омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Муаллим Бобоева Маҳбуба дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки методҳои тарбия-ин роҳу усулҳое мебошанд, ки барои таъсир расонидан ба шахсият бо мақсади ташаккул додани сифатҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии онҳо истифода мешаванд. Ин методҳо дар доираи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа татбиқ мешаванд.

Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушахас гардониданд.




Ба рӯйхат