,
Чоршанбе, 05-Феврал
Имрӯз (17.12.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Низомии Ганҷавӣ” дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Муаллим Ашурова Нодира дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки “Низомӣ Ганҷавӣ (1141–1209) -яке аз бузургтарин шоирон ва адибони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки дар шаҳри Ганҷа (Озарбойҷон) таваллуд шудааст. Вай дар замони худ аз маъруфият ва обрӯи баланди адабӣ бархӯрдор буд ва таъсири бузургро бар адабиёт ва фарҳанги Эрон, Озарбойҷон ва тамоми минтақаи форсизабон гузоштааст. Низомӣ ба шеъри классикии форсӣ аҳамияти зиёд дода, дар эҷодиёти худ тасаввурот ва мавзуъҳои гуногунро, ки ба ҳунар ва фалсафаи инсонӣ, муҳаббат, ахлоқ ва фалсафаи зиндагӣ алоқаманданд, ба тасвир меовард”.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳ баромад намуда, аз фаъолият ва меросии адабии шоир ба ҳозирин маълумот доданд.
Дар фарҷоми дарс мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедра Холиқова Зайналбӣ ва ҷонишини декан Қаюмова Мубина суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд ва пешниҳод намуданд, ки чунин дарсҳо бештар гузаронида шаванд.