, Якшанбе, 22-декабр

ТАКМИЛИ ИХТИСОС – ОМИЛИ РУШДИ КАСБИЯТ

 11.12.2024 47

ТАКМИЛИ ИХТИСОС – ОМИЛИ РУШДИ КАСБИЯТ

Мусаллам аст, ки боло рафтани сатҳи таълиму тарбия ва сифати таҳсилот аз дараҷаи донишу малакаи касбӣ ва мунтазам ташаккул додани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои самарабахши ташаккули дониш ва салоҳиятнокии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути ба роҳ мондани такмили ихтисоси онҳо маҳсуб меёбад.

Муждаи нек аст, ки Изатов Умедҷон Хуршедович - муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ, директори парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, курси такмили ихтисосро дар Донишкадаи давлатии байналмилалии муносибатҳои байналмилалӣ (МГИМО) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо муваффақият гузашт.

Гуфта мешавад, ки курси такмили ихтисос аз 11 то 28 ноябри соли 2024 баргузор гардида, мавзуоти «Тадқиқоти муосири шарқшиносӣ дар Русия: ҷомеа, иқтисод, ҳуқуқ»-ро фаро гирифта, аз 36 соати академӣ иборат буд.

Раёсат ва ҳайати кормандони донишгоҳ Умедҷон Хуршедовичро ба ин муносибат тарбрику шодбош гуфта,  дар фаъолияти минбаъда барояшон комёбиҳои навин таманно менамоянд.




Ба рӯйхат