,
Чоршанбе, 11-декабр
Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ба амалияи нигаронидани раванди баргузории машғулиятҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз муҳимтарин ҷузъҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён мебошанд. Бо назардошти ин омилҳо санаи 29.11.2024 аз ҷониби ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Чолова Санавбар дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси химия-экологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра дарси кушод гузаронида шуд.
Мавзуи дарс “Тартиби гузаронидани таҷрибаҳои озмоишӣ” муқаррар гардида буд ва омӯзгор дар амал донишҷӯёнро бо муҳтавои асосии мавзуъ ошно намуд. Инчунин омӯзгор дар раванди дарс бо истифода аз аёниятҳо ва рӯнамоҳои ҷолибу таҳлилҳои ҳамаҷониба оид ба мавзуъ таъкид доштанд, ки тартиби гузаронидани таҷрибаҳои озмоишӣ дар раванди таълим на танҳо як қисми муҳими омӯзиши илмӣ аст, балки яке аз самтҳои асосии ташаккули маҳоратҳои амалӣ, таҳлилӣ ва эҷодии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Таҷрибаҳои озмоишӣ воситае мебошанд, ки бо истифода аз онҳо донишҷӯён қонуниятҳо, равандҳо ва падидаҳои илмиро на танҳо аз рӯйи назария, балки тавассути амалия амиқтар мефаҳманд ва қабул мекунанд.
Ҳамзамон дар рафти дарс, донишҷӯён бо истифода аз асбобҳои химиявӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ таҷрибаҳои амалӣ гузарониданд. Онҳо на танҳо тарзи дурусти истифодаи таҷҳизотро омӯхтанд, балки бо иҷрои амалиёти химиявӣ натиҷаҳои мушоҳидавӣ ба даст оварданд. Ин таҷриба ба онҳо кӯмак кард, ки назарияро бо амал пайванд дода, равандҳои химиявиро аз наздик дарк намоянд.