, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

 05.11.2024 94

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ба амалияи нигаронидани раванди баргузории машғулиятҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз муҳимтарин ҷузъҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён мебошанд. Бо назардошти ин омилҳо санаи 05.11.2024 аз ҷониби муаллими калони кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин дар гурӯҳи таълимии 402-и ихтисоси молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод гузаронида шуд.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомуддин ва дигар омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Мавзуи дарс “Фоизи бонкӣ ва тамоюлҳои он дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардида буд ва омӯзгор дар амал донишҷӯёнро бо муҳтавои асосии мавзуъ ошно намуд. Инчунин омӯзгор дар раванди дарс бо истифода аз рӯнамоҳои ҷолибу таҳлилҳои ҳамаҷониба оид ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ таъкид доштанд, ки бонкҳо дар бахши молиявии иқтисодиёт мавқеи маркази дошта дар баробари равона кардани маблағҳо ба иқтисодиёти кишвар, инчунин пасандозҳои иловагиро ба иштирокчиёни бозор сармоягузорӣ мекунанд ва ба ин васила, ба афзоиши рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, низоми бонк ҳамчун омили тараққиёти хоҷагии халқ дар баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ ва тамоми ҷамъият нақши калон мебозад.

Дар қисми поёнии дарс миёни омӯзгор ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.




Ба рӯйхат