,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (04.11.2024) Ёрмадов Рустам – ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он дар гурӯҳи таълимии 301-и ихтисоси химия-биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид.
Мавзуи дарс “Конститутсия бахтномаи миллат” муқаррар гардида буд, ки устод зимни баромади хеш донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс қайд намуданд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Тӯли 30 соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад”.
Дар қисматии поёнии дарс аз ҷониби донишҷӯён шеъру суханҳо бобати Конститутсия ироа гардид.