, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

 31.10.2024 107

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

Санаи 31-уми октябри соли 2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра номзади илмҳои таърих-Холмуродзода Меҳрафрӯз, ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Тибқи нақшаи кори маҳфил мавзуъҳои “Маданияти Мисри Кадим” ва “Маданияти Аврупо”  аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таърих- Раҳимзода Шерзод, инчунин донишҷӯи  курси 3-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ- Махсумова Ясмина, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд. 

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат