,
Ҷумъа, 08-ноябр
Имрӯз (28.10.2024) Одинаева Марҳабо - номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси Рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод гузаронид.
Дар дарс мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ, Алишери Абдулмаҷид, муовинони декани факултет ва устодон иштирок доштанд.
Мавзуи дарс “Системаи ахбори омма ва таблиғ” муқаррар гардида буд, ки устод дар амал донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолибу таҳлилҳои ҳамаҷониба таъкид доштанд, ки васоити ахбори омма ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд.
Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо заминаи донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.