,
Ҷумъа, 08-ноябр
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара санаҳои 15-16-уми октябр Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид, ки иштирокчиён аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот миёни ҳам сабқат намуданд.
Зимни ифтитоҳи фестивали бозиҳои варзишӣ ҳадафи он дарёфти варзишгарони касбӣ ва ташкил намудани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят арзёбӣ гардид.
Дар Фестивал донишҷӯёни 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон иштирок доштанд, ки дар миёни онҳо дастаи варзишӣ - донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, ба касби ҷоёҳои ифтихорӣ ва медалу дипломҳои мусобиқот шарафёб гардиданд.
Аз ҷумла дастаи варзишии донишгоҳ аз рӯи намуди “Гуштини миллӣ” баррандаи 6 медал: 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.
Аз намуди “Варзиши сабук” донишҷӯёни донишгоҳ сазовори 20 медал: 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар фестивали мазкур дастаҳои футболбозон ва волейболбозони донишгоҳ, ки ҳайати дастаҳо аз 8 нафар иборат буд, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, дар натиҷа дастаи футболбозони донишгоҳ сазовори ҷойи якум гардида, бо сипоснома, медали тилло ва Ҷоми фестивал сарфароз гардиданд. Инчунин дар ин сабқат дастаи волейболбозони донишгоҳ ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардида, бо медалу дипломи мусобиқот қадрдонӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, дастаи варзишии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Фестивали бозиҳои варзишӣ барандаи 42 медали мусобиқот гардиданд, ки онро 19 медали тилло, 19 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар бар мегирад.
Раёсати донишгоҳ дастаи варзишии донишҷӯёнро баъд аз бозгашт дар саҳни бинои асосии донишгоҳ истиқбол гирифта, онҳоро ба муносибати музаффарияту дастовардҳои варзишӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият таманно намуданд. Дар ин ҳангом таъкид, кирда шуд, ки ҳар як нафар донишҷӯи узви дастаи варзишии донишгоҳ бо мукофоти пулӣ қадршиносӣ мегардад.
20 медал: 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.
, дар вазнҳои гуногун соҳиби 13 медал гардиданд, ки аз инҳо 5 медали тилло, 5 нуқра ва 3 медали биринҷи гардиданд.
Дар намуди варзиши сабук низ натиҷаҳои хуб нишон дода, соҳиби 12 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медили биринҷӣ гардиданд.
Аз намуди волейбол низ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят рақобат намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои варзишӣ аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок карда дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон доданд.
Фестивали мазкур баҳри дарёфти варзишгарони касбӣ ва ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст
ФЕСТИВАЛИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни ҳафт донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок намуданд.
Фестивал аз рӯи намудҳои гуштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуда, беҳтаринҳо барои ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён интихоб гардиданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирок намуда, зимни баромади хеш қайд намуд, ки баргузории чунин фестивал баҳри мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳад кард.
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш санаи 03 ноябри соли 2024 дошта буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят баргузор гардид. Фестивал аз рӯи нмудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.
Дар расми ифтитоҳи Фестивали бозиҳои варзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат иштирок намуд.
Зимни суханронии худ муовини раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки баргузории чунин фестивалҳо баҳри мустаҳакам намудани дӯстии ҷавонон муносиб буда, аз ҷониби дигар дар пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб нақши созгор хоҳад гузошт.
Дастовардҳои варзишгарони вилоятро Абдусаломзода Анзурат аз шароити муносиби муассисаҳои варзишӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат маънидод намуд.
Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои варзишӣ аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок карда, дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон доданд.
Фестивали мазкур баҳри дарёфти варзишгарони касбӣ ва ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст.