,
Ҷумъа, 08-ноябр
Санаи 3-юми октябр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон”-и назди кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо бо иштироки роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси математикаи амалии факултет Шарипова Т. дар мавзуи “Маркази вазнинии системаи нуқтаҳои материалӣ ва хосиятҳои он” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо ҳалли мисолу масъалаҳо ва саволу ҷавоб миёни омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.