, Шанбе, 23-ноябр

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АЪЗОИ КОМИССИЯ ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

 16.08.2024 435

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АЪЗОИ КОМИССИЯ ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Субҳи имрӯз, 16-уми августи соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Кӯлоб бо аъзои комиссия ва иштирокчиёни даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм ба кори комиссияи ҷумҳуриявӣ, ҳакамони озмун ва довталабон барори кор хоста, иброз намуд, ки мо дар арафаи омодагӣ ба оғози соли нави таҳсил ва оғози даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қарор дорем ва таъкид менамоем, ки озмуни мазкур, ки зери назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ҳар яки моро масъул месозад, ки ба оддитарин камбудӣ ва норасоӣ роҳ надиҳем. Рафти баргузории озмунро назорати ҷиддӣ намуда, ба дониши довталабони озмун баҳои ҳақонӣ диҳем..

Бояд гуфт дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз шаҳри Душанбе 448 нафар (275 духтар), аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 206 нафар (125 духтар), аз вилояти Хатлон 1121 нафар (704 духтар), вилояти Суғд 1330 нафар (819 духтар) ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 611 нафар (376 духтар) иштирок намуда истодаанд.




Ба рӯйхат