,
Сешанбе, 15-октябр
Дар таърихи 06.04.2023 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Исупов Шердил Ватанович дар мавзуи “Хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)” зери роҳбарии номзади илмҳои илмҳои таърих, дотсент Сайнаков Сайнак Парпишоевич дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 02.03.01 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамоянд.