, Душанбе, 06-май


МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!


 04.04.2023

МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Дар таърихи 04.04.2023, саромӯзгори кафедраи психология, мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Қурбонов Маҳмадӣ Сатторович дар мавзуи “Шароитҳои педагогии такмилёбии шуурнокии миллии донишҷӯён дар муҳити бисёрфарҳангии таҳсилоти донишгоҳӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Гулмадов Файз ҳимояи рисолаи номзадиашро дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), бо муваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамоянд.

*/