, Душанбе, 16-март


МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

 28.03.2023

МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 28-уми марти соли равон муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саидоа Нилуфар Абдулмаҷидовна рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Таҳлили луғавӣ-грамматикии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар асоси маводи "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ)" барои дарёфи дараҷаи илмии номзади илми филология, аз рӯи ихтисоси 10.02.20 - забоншиносии муқоисавии таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ, зери роҳбарии доктори илми филология, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҷаматов Саймиддин, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-21 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s56rl5d6mcnie2842m7pc8kkau in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_s56rl5d6mcnie2842m7pc8kkau): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274