,
Душанбе, 20-июл

Имрӯз, 4 июли соли 2026, Сатторов Қобилҷон Абдулҳакимович - унвонҷӯйи кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Назорат ва идоракунии тайёрии касбии донишҷӯёни самти математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шароити муосир” бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Сатторов Абдурасул Эшбекович бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.1. Назария ва технологияи таълими математика) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.