, Душанбе, 20-июл


ХУШХАБАР!

 14.05.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 14 майи соли 2026, Шодизода Саодат Исломхон - унвонҷуи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991–2021) (дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)” бо роҳбарии доктори илмҳои таърих, Муродзода Аҳмадхон Амрохон бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ, 6.1.1. Таърихи ватан дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.