, Душанбе, 20-июл


ХУШХАБАР!

 18.04.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 18 апрели соли 2026, Шарифзода Суҳроб Каримхон-унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Таъминоти иттилоотиву таҳлилии самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)” бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ дар Шурои диссертатсионии  6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.